Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ бесарнишини зериобиро бо силоҳи ҳастаӣ озмоиш кард


Куриёи Шимолӣ хабар дод, силоҳи зериобиеро озмоиш кардааст, ки заряди ҳастаӣ дошт.

Расонаҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ доданд, дар маросими озмоиш роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ширкат кардааст. Озмоиш рӯзҳои 21 ва 23 март анҷом шудааст.

Дар Куриёи Шимолӣ ин аслиҳаро "бесарнишини ҳастаии зериобии ҳамлагари Хэир" унвон кардаанд. Ба иттилои расонаҳои Куриёи Ҷанубӣ, ин аслиҳа қодир аст, дар сурати ҷанг "ба таври пинҳонӣ аз зери об ба минтақаи душман расида, сунамии радиоактивии пурқудрате ба вуҷуд орад ва киштиҳои душманро тахриб кунад".

Пештар низомиёни ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ размоишҳои Freedom Shield-ро шуруъ карданд. Сеул гуфт, ин размоишҳо хосияти дифоӣ доранд. Дар ин размоиш нақшаи ҳимоят аз хушунати Куриёи Шимолӣ коркард шудааст.

XS
SM
MD
LG