Ссылки доступа

Куриёи Шимоли сӯи баҳри Ҷопон ду мушак партоб кард


Ким Чен Ын наблюдает запуск ракеты (архивное фото)
Ким Чен Ын наблюдает запуск ракеты (архивное фото)

Куриёи Шимолӣ бори дигар сӯи баҳри Ҷопон мушак партоб кард. Дар ин бора сарвазири Ҷопон Фумио Кисиду хабар дод.

Ба иттилои мақомоти Ҷопон, аз ҳудуди Куриёи Шимолӣ ду мушаки кутоҳпарвоз партоб шудааст. Дарозии парвози мушакҳо наздики 620 километрро ташкил додааст.

Партоби мушакҳои Куриёи Шимолӣ дар ҳолест, ки як рӯз пеш Куриёи Ҷанубӣ бо ИМА размоишҳои муштараки низомиро шуруъ карданд. Пештар аз ин Куриёи Шимолӣ рӯзи 12 март мушак партоб карда буд. Аз ибтидои соли ҷорӣ ин бори шашум аст, ки Куриёи Шимолӣ мушак партоб мекунад.

Дар соли 2022 Куриёи Шимолӣ дар маҷмуъ 37 маротиба ва 70 мушак партоб кард. Дар ҷараёни ин озмоишҳо Куриёи Шимолӣ сӯи Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ мушак партофт.

XS
SM
MD
LG