Ссылки доступа

Шумори қурбониёни ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ба 137 расидааст


Раёсати тандурустии вилояти Маскав рӯйхати онҳоеро, ки дар натиҷаи ҳамла ба "Крокус Сити Холл" осеб дидаанд, нав кард ва он номи 182 касро дар бармегирад.

Тибқи рӯйхат, дар ҳоли ҳозир 101 кас дар беморхона бистарӣ буда, 61 нафар табобати амбулаторӣ мегиранд ва 20 тани дигар аз бемористон рухсат шудааст.

Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода, ки дар натиҷаи ҳамла ва сӯхтор дар толори консертӣ 137 кас, аз ҷумла 3 кудак ҷон бохтааст. 62 ҷасад то ҳол шиносоӣ шудааст.

Ҳамлаи 22 март ба толори “Крокус Сити Холл”-ро мудҳиштарин ҳодисаи террористӣ дар Русия дар ду даҳсолаи ахир мегӯянд. Аз ин пеш соли 2004 ба ҳангоми ҳамла ба мактаби Беслан дар Русия 330 нафар кушта шуд.

Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар зимма гирифтааст.

XS
SM
MD
LG