Ссылки доступа

Талаби эъломи айби ҷиноӣ нисбати Доналд Трамп


Заседание комитета Палаты представителей по расследованию штурма Капитолия 6 января 2021 года
Заседание комитета Палаты представителей по расследованию штурма Капитолия 6 января 2021 года

Кумитаи Палатаи намояндагони ИМА, ки ҳамла ба бинои Капитолӣ дар таърихи 6 январи соли 2021-ро таҳқиқ мекард, тавсия дод, нисбати президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар асоси чаҳор модда айб эълом шавад.

Ба бовари аъзои кумита, нисбати Трамп дар асоси моддаҳои монеъ шудан ба раванди расмӣ, созиш бо ҳадафи қаллобӣ нисбати ҳукумати федеролӣ, созиш бо ҳадафи нишондодҳои дурӯғин ва ҳамлаи мусаллаҳона айб эълом шавад.

Дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки як кумитаи махсуси Палатаи намояндагон таҳқиқи парвандаи ҷиноиро нисбати президенти пешинро тавсия медиҳад.

Тавсияи кумита хосияти рамзӣ дорад ва тасмими ниҳоиро дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ вазорати адлияи ИМА хоҳад гирифт.

Рӯзи 6 январи соли 2021 гуруҳе аз тарафдорони президенти он замон амалкунанда Донал Трамп вориди бинои Капитолия шуданд. Онҳо талош карданд, ки монеи тасдиқи пирӯзии номзади ҳизби демократҳо Ҷо Байден шаванд. Баъди ҳамла муайян шуд, ки дар он ҳодиса панҷ кас шудааст. Баъди ҳамла нисбати садҳо шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз ва чанд тан маҳкум шуданд.

Пеш аз ҳамла ба Капитолия Доналд Трамп дар назди тарафдоронаш суханронӣ кард. Вай айбҳои тасдиқношудаи ҳуқуқшиносонро дар бораи тақаллуби интихоботи президентӣ бори дигар такрор карда буд.

XS
SM
MD
LG