Ссылки доступа

Ширкатҳои Пригожин баъди ошӯб дар ҳаҷми 1 млрд рубл шартнома бастаанд


Ширкатҳои марбут ба Евгений Пригожин, баъди ошӯби ширкати хусусии низомии "Вагнер" дарёфти шартномаҳои расонидани ғизо ба мактабҳо ва беморхонаҳоро идома додаанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба шартномаҳое иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи 24 июн баста шудаанд.

Маблағи 9 шартнома 1 млрд 64 млн рублро ташкил додааст. Танҳо раёсати маорифи Митиши вилояти Москва дар ҳаҷми 705 млн рубл бо ширкати "Продфутсервис"-и марбут ба Пригожин шартнома бастааст. Дар шартнома гуфта шудааст, ки ширкат дар солҳои 2023-2025 мактабҳои вилояти Москваро бо ғизо таъмин мекунад.

Миёни фармоишгарони хадамоти ширкатҳои марбут ба Пригожин беморхонаҳои дигари Москва, истироҳатгоҳи кӯдаконаи Артек" ва ду беморхонаи дигар дар вилояти Москва ҳастанд.

Ибтидои моҳи июл бархе аз расонаҳо навишта буданд, таъмини ғизои мактабҳои вилояти Москваро, ки одатан ширкатҳои Пригожин ба дӯш доштанд, ба ширкатҳои дигар додаанд.

Евгений Пригожин муассиси ширкати хусусии низомии "Вагнер" низ ҳаст. Ширкати "Вагнер"-ро Пригожин, тоҷири наздик ба президенти Русия Владимир Путин соли 2014 таъсис додааст. Зархаридони "Вагнер" дар ҷангҳои Донбасс иштирок ва аз ҳаракати ҷудоиталаб ҳимоят мекарданд. Ин зархаридон ҳамчунин дар низоҳои Африқо ва Шарқи наздик иштирок доштанд. Онҳоро дар ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла қатлҳои ғайридодгоҳӣ айбдор мекунанд.

Баъд аз 24 феврали соли 2022 "Вагнер" дар ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина иштирок мекард. Евгений Пригожин сафҳои "Вагнер"-ро бо зиндониҳои Русия пур мекард.

10 июни соли ҷорӣ Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия фармон дод, ки ҳамаи гуруҳҳои зархарид бояд бо вазорати мудофиа шартнома имзо кунанд. Пригожин гуфт, "Вагнер" ин корро нахоҳад кард.

Шоми 23 июн корвони техникаҳои "Вагнер" ба сӯи Москва ҳаракат ва амалан Ростови лаби Дон ва зоҳиран Воронежро ҳам таҳти назорат дароварданд. Бо гузашти як рӯз Пригожин хабар дод, ки ҳаракатро қатъ мекунад, зеро бо миёнаравии роҳбари худкомаи Белорус созиш ҳосил шудааст. Ба зархаридони "Вагнер" пешниҳод карданд, ки ё бо вазорати мудофиа шартнома имзо кунанд, ё ба Белорус ва ё ба хонаҳояшон раванд.

Баъди ин ҳодиса бисёре аз ширкатҳои марбут ба Пригожин фаъолияташонро қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG