Ссылки доступа

Ширкати Amazon бештар аз 18 ҳазор коргарро ихтисор мекунад


Ширкати амрикоии Amazon бештар аз 18 ҳазор коргарашро ихтисор мекунад. Ин бузургтарин ихтисор дар таърихи фаъолияти ширкат аст.

Тасмими мазкур дар пайи норушаниҳо дар иқтисод ва дар пайи қабули теъдоди зиёди коргарон дар ду соли охир гирифта шудааст. Эндӣ Ҷессӣ, мудири кулли ширкат гуфт, асосан коргарони шуъбаҳои фурӯш ва қабули коргарон ихтисор мешаванд. Вай илова кард, ҳамаи онҳое, ки ихтисор мешаванд, кӯмакпулӣ мегиранд.

Amazon дар давраи авҷи вабои коронавирус, замоне, ки ҳаҷми тиҷорати онлайнӣ афзуд, афроди зиёдеро ба кор қабул кард. Дар моҳи сентябри соли 2022 ширкати Amazon 1,5 миллион коргар дошт, ки аксарияти онҳо дар анборҳо машғули кор буданд.

Ҳамзамон дар соли 2022 Amazon дар ду даҳсолаи охир кундтарин рушдро доштааст. Дер расидани молу маҳсулот, тағйири одатҳои истеъмолгарон ва рушди беқурбшавии асъор боиси кунд гардидани фурӯши ширкат шуданд. Дар моҳи ноябри соли 2022 саҳмияҳои ширкат, аз оғози пандемияи коронавирус, ба поёнтарин сатҳ расиданд.

Ихтисори коргарони Amazon тамоюлест, ки дар ширкатҳои дигар низ дида мешавад. Ширкати Meta, соҳиби Facebook низ дар моҳи ноябри соли 2022 эълом кард, ки 11 ҳазор кас - ҳудуди 13% маҷмуи коргаронашро ихтисор мекунад. Пештар аз он молики нави ширкати Twitter Илон Маск наздики 7,5 ҳазор коргарони ширкатро аз кор ронда буд.

XS
SM
MD
LG