Ссылки доступа

Конгресси ИМА ҷудо кардани $45 млрд-ро барои Украина ба баррасӣ мегирад


Выступление Зеленского в Конгрессе
Выступление Зеленского в Конгрессе

Дар Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи ҷумъаи 23 декабр барои қабули тарҳи қонуне овоздиҳӣ сурат мегирад, ки ба ҳукумат иҷозаи идораи буҷаи соли молии 2023-ро медиҳад. Пештар аз ин тарҳи қонуни мазкурро сенати ИМА қабул кард.

Дар буҷаи соли ояндаи ИМА 45 млрд доллар ҳамчун кӯмак барои Украина ва ҳампаймонони ИМА дар НАТО пешбинӣ шудааст. 9 млрд доллар аз ин маблағ ба ниёзҳои мухталифи низомиҳои Украина, 13 млрд ба кӯмаки бахши иқтисодии Украина равона мешавад. 12 млрд доллари дигар мустақим ба Киев дода намешавад, вале барои захираи таслиҳот ва дастгоҳҳое сарф мегардад, ки пештар ИМА ба Украина дода буд. Маблағи боқимонда аз 45 млрд ба барномаҳои башардӯстона ва сармоягузории фармондеҳии ИМА дар Аврупо харҷ мешавад.

Владимир Зеленский дар сафари ахираш ба ИМА аз Конгресс хоста буд, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷудо шудани маблағи мазкур раъй диҳад.

XS
SM
MD
LG