Ссылки доступа

Консерти сарояндаи рус Полина Гагарина дар Қазоқистон бекор шуд


Баргузории консерти сарояндаи попи рус Полина Гагарина дар Қазоқистон бекор карда шудааст.

Бино ба навиштаи расонаи қазоқии "Arbat.media", тасмими мазкур баъди он гирифта шуд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон ба баргузории ин консерт дар кишварашон норозигӣ баён карданд. Онҳо гуфтанд, ҳунарманде, ки аз ҷанг ҳимоят мекунад, набояд ба кишварашон даъват шавад.

Консерти Гагарина қарор буд, рӯзи 14 феврал дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар чаҳорчӯби ҷашнвораи "Diarmed" баргузор шавад.

Баргузории консерт расман бекор нашудааст, аммо эълони он аз сомонаи расмии Гагарина, сомонаҳои созмондиҳандагони барнома ва ширкатҳои бузурги чиптафурӯшӣ бардошта шудааст. Намояндагони сароянда низ тасдиқ карданд, ки консерт баргузор намешавад.

Полина Гагарина ошкоро ҳамлаи Русия ба Украинаро дастгирӣ мекунад. Ӯ 25 феврали имсол навиштаи Николай Басковро, ки дар он ҷанг зидди Украина "амалиёти посдори сулҳ" номида мешуд, писандида буд. Вай дар Лужникӣ дар консерте бахшида ба солгарди ишғоли Қрим ҳунарнамоӣ кард.

XS
SM
MD
LG