Ссылки доступа

Москва Украинаро дар ҳамла ба Кремл айбдор мекунад. Киев даст доштанашро рад кард


Президенти Украина гуфт, кишвараш ба Маскав ва ё раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла накардааст.

Владимир Зеленский ба ин тартиб иддаои Маскавро дар бораи ҳамлаи дрон ё паҳподҳои Украина ба қароргоҳи Путин бо ҳадафи куштани ӯ рад кард.

Зеленский рӯзи 3-юми май дар нишасти матбуотӣ дар Ҳелсинки (Финландия) гуфт: "Мо ба Путин ё Маскав ҳамла намекунем, мо дар қаламрави худ меҷангем."

Аз он пеш Михайло Подоляк, мушовири аршади Владимир Зеленский, гуфт, ин ҳодиса ҳеч пайванде ба Киев надорад ва эҳтимол Кремл ин иддаоро дар ростои тавҷеҳи як ҳамлаи нав ба Украина эълон кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи чоршанбе гуфт, ду дрон ва ё паҳподи Украина саъй кардаанд, ба қароргоҳи Владимир Путин дар Кремл ҳамла карда, ӯро бикушанд.

Хабаргузории давлатии РИА Новости навишт, ки маъмурони амниятии Русия ин паҳподҳоро аз кор баровардаанд ва ҷадвали кории президент Путин ҳам тағйир наёфт.

Дар каналҳои Телеграм видеое нашр шудааст, ки забонаи оташро аз як гӯшаи Кохи Кремл дар шаҳри Маскав нишон медиҳад.

Ҳукумати Русия ин корро амали террористӣ номид ва гуфт, ҳақ дорад, дар замони лозим ба он посух бигӯяд.

XS
SM
MD
LG