Бино ба маълумоти ахир, шумори мубталоён ба ин беморӣ дар миёни калонсолон афзоиш ёфтааст. Дар ним моҳи аввали имсол теъдоди гирифторон 37,3 дарсад зиёд гаштааст.
Гирифторӣ ба бемории сурхак дар пойтахти Қазоқистон дар миёни кудакони то 14-сола низ афзуда, дар 6 ҳафта 381 кас ба он гирифтор шудааст. Табибони шаҳри Алмато низ вазъи эпидемиологи шаҳрро дар робита ба бемории сурхак "номуътадил" гуфтаанд.
Қаблан Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) Қазоқистонро ба рӯйхати кишварҳои сегонае шомил карда буд, ки шаҳрвандонашон бештар ба бемории сурхак гирифтор шудаанд.
Вазорати тандурустии Қазоқистон пештар гуфта буд, 82 дарсади беморонро онҳое ташкил медиҳанд, ки зидди сурхак эм нашудаанд. 65 дарсади гирифторшудаҳо кудакони то 5-сола ҳастанд.