Ссылки доступа

"Верстка": бештари "агенти хориҷӣ" эъломшудаҳо дар Русия рӯзноманигор ва корманди раснаҳо ҳастанд


Бештари рӯйхати ягонаи "агентҳои хориҷӣ"-и Русияро рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора сомонаи хабарии "Верстка" иттилоъ медиҳад.

Дар рӯйхати мазкур, ки аз сӯи вазорати адлияи Русия тартиб дода мешавад, ба иттилои "Верстка", аз 274 кас 112 нафар рӯзноманигор ҳастанд, ки ин теъдод бештар аз 40 дарсади "агентҳои хориҷӣ"-ро ташкил медиҳад.

Гуруҳи дувуми "агентҳои хориҷӣ"-ро фаъолони сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди онҳо дар рӯйхати вазорати адлия ба 33 тан мерасад.

Дар соли 2022, ба навиштаи "Верстка", шумори "агентҳои хориҷӣ" аз ҳисоби фаъолони бахши санъат, мусиқинавозон, ҳунармандон, рассомон ва нависандогон якбора афзудааст. Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо дар рӯйхати вазорати адлия ба 26 тан мерасад. 25 тани дигарро дар рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" вакилони пешини Думаи давлатии Русия ва роҳбарони ҳаракатҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин блогерон (18 кас), ҳомиёни ҳуқуқ (13 кас), сиёсатшиносон (тан) ҳастанд. Ба ҷуз ин, дар рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" 12 олим, 9 ҳуқуқшинос, 9 соҳибкор, ду коршиноси низомӣ ва ду фаъоли динӣ шомил карда шудаанд.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар соли 2022 дар рӯйхати вазорати адлияи он кишвар 188 касро шомил кардаанд. Дар ҳоле ки дар соли 2021 ба ин рӯйхат 108 шахси воқеиву ҳуқуқӣ шомил карда шуда буд.

Қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия соли 2012 пайдо гардид. Ин қонун ба вазорати адлияи Русия имкон дод, созмонҳои ҷамъиятиеро "агенти хориҷӣ" унвон кунад, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст мезананд. Дар солҳои баъдӣ қонун тағйир дода шуда ва ба ин тартиб расонаҳову афроди воқеиро низ "агенти хориҷӣ" эътироф мекунанд.

XS
SM
MD
LG