Ссылки доступа

Узви фаъоли "Бутун Кыргызстан" зиндонӣ шуд


Мирлан Ураимов
Мирлан Ураимов

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Мирлан Ураимов, узви ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро дар доираи парвандаи маъруф ба "ғасби қудрат" як сол зиндонӣ кард.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба зиндонӣ шудани Ураимов як шарҳи ӯ ба навиштае дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук сабаб шудааст.

Вакили дифои Ураимов Юлия Богданова изҳор дошт, ки зидди шахси зери ҳимояи вай нахуст бо банди "Бертартибиҳои оммавӣ" парванда боз шуда буд, вале мақомот баъдан онро ба "Ғасби қудрат" иваз карданд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, додгоҳ далелҳо дар бораи онро ки шарҳро Ураимов нанавиштааст, ба инобат нагирифт.

Ураимов моҳи феврали соли 2022 ду моҳ ҳабс шуда, баъдан ба шарти берун нарафтан аз кишвар озод гашт. Ӯ мегӯяд, шарҳеро, ки мақомот дар асоси он зиддаш айб эълом карданд, нанавиштааст. Вакили дифои ӯ гуфт, муфаттишон навиштаҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меомӯзанд, ки дар онҳо номи президент, додситони кул ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG