Вазорати рушди рақамии Қирғизистон иттилоъ дод, ки қоидаҳои нав аз 5 сентябр ба иҷро медароянд.
Тибқи қоидаҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Молдова метавонанд бидуни қайд то 60 рӯз дар Қирғизистон бимонанд. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат онҳо вазифадоранд, ки Қирғизистонро тарк карда, дубора танҳо пас аз 60 рӯзи тақвимӣ ворид шаванд.
Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд ба муҳлати 6 моҳ бо ҳаққи тамдид дар Қирғизистон бимонанд.
Қоидаҳои нав ба хориҷиҳое, ки бо ҳадафҳои шахсӣ ба Қирғизистон мераванд, дахл дорад. Онҳое, ки бо мақсади корӣ, таҳсил ё сармоягузорӣ мераванд, истисно хоҳанд буд.
Қирғизистон моҳи майи соли 2021, пас аз низои хунин дар марз сарҳади худро бо Тоҷикистон яктарафа баст. Мақомоти ин кишвар эълон карданд, ки марз танҳо баъди ба анҷом расидани ҷараёни аломатгузории он дубора боз мешавад.