Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пӯшидани ниқобу бурқаро манъ карданианд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Кумитаи давлатии дини Қирғизистон лоиҳаи қонунеро ба баррасии ом пешниҳод кардааст, ки пӯшидани бурқа ва ниқобро манъ мекунад.

Лоиҳаи қонунро гуруҳи корие таҳия кардааст, ки ба ҳайати он кормандони кумитаҳои дину амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон шомиланд.

Тибқи лоиҳа, “пушидани либосе, ки монеи муайян кардани шахсияти одам мешавад, дар идораҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ буда, барои нақзи он 20 ҳазор сом ($235) ҷарима таъйин шудааст. Либосҳои ягонаи корию хидматӣ ва тиббӣ, ки рӯйи одамро мепӯшонанд, истисно мебошанд.

Ҳамчунин барои табъизи шифоҳӣ ё хаттӣ, аз ҷумла дар Интернет, даъвати бидуни иҷозати руҳониён ба муассисаҳои иҷтимоӣ, ислоҳӣ ё ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ин лоиҳаи қонун фаъолияти аҳзоби сиёсии Қирғизистонро ҳам танзим карда, таъсиси ҳизбро бар пояи ақидаҳои динӣ, иштироки онҳо дар фаъолиятҳои динӣ ва дарёфти маблағ аз иттиҳодияҳои диниро манъ мекунад.

Илова бар ин, ба вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва порлумони Қирғизистон иҷозат намедиҳад, ки фаъолияти худро бо фаъолияти динӣ муттаҳид кунанд.

XS
SM
MD
LG