Ссылки доступа

Дастнорассозии TikTok дар Қирғизистон шуруъ шудааст


Ширкатҳои интернетрасон дар Қирғизистон ба бастани шабакаи иҷтимоии TikTok шуруъ кардаанд.

Бархе аз корбарон гуфтаанд, ки наметавонанд вориди ин шабака шаванд. Корбарони дигар гуфтаанд, ҳанӯз ҳеч мушкилиеро дар ворид шудан ба шабака мушоҳида накардаанд. Эҳтимол дорад, ҳоло на ҳамаи ширкатҳои интернетрасон дар Қирғизистон ин шабакаро маҳдуд кардаанд.

Чанд рӯз пеш Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи алоқаи Қирғизистон аз ширкатҳои интернетрасон хоста буд, ки дастрасӣ ба TikTok-ро маҳдуд созанд.

Расонаҳои он кишвар менависанд, хадамоти мазкур дар асоси дастури Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ширкатҳо чунин дархостро кардааст. Дархости хадамот бо он асоснок шудааст, ки дар TikTok "муҳтаво, ба вижа муҳтавое, ки ба кӯдакон рабт дорад, ба таври бояду шояд сензура намешавад".

Мақомдорони Қирғизистон ин дархостро бо қонун "Дар бораи чораҳои огоҳисозӣ дар бораи зиён ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакон" асоснок сохтаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Қирғизистон талоши бастани шабакаи мазкурро мекунанд. Олтинбек Токторбоев, раиси хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи алоқаи Қирғизистон 19 декабри соли 2023 гуфта буд, барои бастани TikTok дар ҳудуди Қирғизистон қарори додгоҳ лозим аст, ки чунин қарор ҳанӯз содир нашудааст.

Токторбоев он замон афзуда буд, вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон бо намояндагони TikTok оид ба бастин он гуфтугӯ доранд.

Моҳи октябри соли 2023 намояндаи вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфта буд, ки вазорати рушди рақамӣ ҳангоми бастани TikTok ба мушкилиҳои техникӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Вазорати фарҳанги он кишвар қарори бастани TikTok-ро ҳанӯз 30 августи соли 2023 содир карда буд. Вазорат он замон гуфт, "муҳтавои ин шабака ба ҳолати эҳсосии насли наврас таъсири манфӣ мерасонад". Бархе аз фаъолони шабакаи мазкур ба ин тасмими вазорат зид баромада буданд.

XS
SM
MD
LG