Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон созишномаи марзиро бо Узбекистон тасдиқ кард


Порлумони Қирғизистон Созишнома оид ба муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марз ва идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард.

Дар ин ҷаласа президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иштирок кард. Лоиҳаи қонунро барои тасдиқи созишнома раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев муаррифӣ кард.

Аз лоиҳаи қонун 64 вакил тарафдорӣ ва 19 тани дигар мухолифат карданд.

Ҷабборов пештар аз ин гуфта буд, ки 99 дарсади қитъаҳои баҳсӣ бо Узбекистон ба нафъи Қирғизистон ҳал шудаанд. Вай илова карда буд, ки "дар баҳси марзӣ бо Узбекистон нуқта гузошта мешавад".

"Ман бовар дорам, мардум ба мо офарин хоҳад хоҳанд, вақте ки ҳама чизро бо чашми худ бубинад", - гуфт Ҷабборов.

Созишномаи марзиро бо ҷониби Қирғизистон рӯзи 14 ноябр порлумони Узбекистон низ тасдиқ карда буд.

Муҳокимаи тарҳи қонуни тасдиқи созишнома аз ҷониби мухолифони Қирғизистон эътирозҳоеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG