Ба иттилои тафтишот, вай аз ҷониби ҷудоиталабони Донбасс ҷангидааст.
Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон моҳи июни соли гузашта ҳангоми дар Москва қарор доштанаш ба яке аз гуруҳҳои мусаллаҳи ҷумҳурии худхондаи Луганск шомил шудааст. Ҳадафи вай аз ин иқдом даромади молӣ ва дарёфти шаҳрвандии Русия будааст. Вай таслиҳоти ҷангиро ба хатти аввали ҷанг интиқол медодааст. Баъди ним сол вай хидмати ҳарбиро хатм ва ба Москва ва аз онҷо ба шаҳри Бишкек баргаштааст.
Айбдоршаванда дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф накардааст. Вай гуфтааст, ки дар ҷумҳурии худхондаи Луганск қарор дошт, аммо дар ҷангҳо ширкат накардааст.
Қонунгузории Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандонро аз ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар манъ мекунанд. Сафоратҳои ин кишварҳо борҳо ба шаҳрвандони худ дар Русия ҳушдор доданд, ки дар ҷангҳои Русия зидди Украина ширкат наварзанд.