Истифодаи силоҳ зидди шаҳрвандон дар сурати қонуншикании маъмурӣ низ иҷозат дода мешавад.
Дар тағйироте, ки Лукашенко зери он имзо гузошт, гуфта мешавад, "хидматчиёни ҳарбӣ барои хисороте, ки дар натиҷаи оташкушоӣ бар асоси муқаррарот ба миён омадааст, ҷавобгар намебошанд".
Қаблан Лукашенко тағйироти дигареро ҳам имзо карда буд, ки ба хадамоти махсус иҷозат медиҳад, дар сурати ҳамлаи мусаллаҳона ё амалҳои хатарзо ба саломатӣ ва ҷони одамон зидди бонувон, кудакон ва маъюбон аз силоҳ истифода кунад.