Ссылки доступа

Лукашенко: дар ибтидои ҷанг Путин омодаи гуфтугӯ дар бораи Қрим буд


Александр Лукашенко 
Александр Лукашенко 

Роҳбари худкомаи Белорус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо телевизиони "Россия 1" гуфт, ки моҳи марти соли гузашта президенти Русия Владимир Путин омода буд, бо мақомоти Украина дар бораи вазъи Қрим гуфтугӯ кунад.

Ба гуфтаи Лукашенко, Путин шахсан ба вай лоиҳаи созишномаеро додааст, ки ҳайати кишварҳо онро ҳамоҳанг карда буданд. Дар лоиҳа, ба гуфтаи Лукашенко, дар бораи "иҷораи тӯлонимуддат"-и Қрими ғасбшуда гап мерафт ва масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани Донбасс мебоист дар мулоқоти рӯ ба рӯи роҳбари Русияву Украина дар Туркия баррасӣ шавад.

"Агар Русия ҳоло он санадро мехонд, девона мешуд. Он санад комилан ба нафъи Русия набуд. Вале Русия розӣ шуда буд", - гуфт Лукашенко.

Пештар дар бораи лоиҳаи созишнома мушовири пешини дастгоҳи президенти Украина Алексей Арестович хабар дода буд. Вай гуфта буд, ки баҳори соли 2022, баъди нахустин талафоти сангини артиши Русия, мақомоти Русия тақрибан аз ҳамаи талаботе худ даст кашида буданд, ки пеш аз оғози ҷанг доштанд, аз ҷумла аз Қрим ва Донбасс. Миёни талабҳое, ки боқӣ монда буд, коҳиши артиши Украина то ба 50 ҳазор сарбоз, узви НАТО нашудани Украина ва ба забони русӣ додани мақоми забони дувуми давлатӣ буд.

Ба гуфтаи Арестович, гуруҳҳои гуфтугӯи ду кишвар мулоқоти Путину Зеленскийро ҳамоҳанг карда буданд, аммо дар лаҳзаҳои ахир президенти Украина аз ҳама навъи гуфтугӯ бо роҳбари Русия даст кашид. Сабаби чунин тасмим, ба гуфтаи мушовири пешини Дастгоҳи президенти Украина, ҳодисаи Буча буд - баъди он ки Буча аз сӯи артиши Украина озод карда шуд, даҳҳо ҷасади сокини осоиштаи шаҳрро пайдо карданд, ки ҳангоми ҳузури артиши Русия дар шаҳр кушта шуда буданд.

Шоми рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфтаҳои Александр Лукашенкоро дар бораи он ки Русия омода буд, иҷораи Қримро бо Украина баррасӣ кунад, рад кард.

XS
SM
MD
LG