Ссылки доступа

Мадонна баъди беморӣ сафари ҳунариашро бекор кард


Мадонна (архивное фото)
Мадонна (архивное фото)

Овозхони амрикоӣ Маддона, ки бо уфунати вазнин дар бемористон бистарӣ шуда буд, рухсат ёфтааст. Овозхони 64-сола айни замон дар хонааш аст ва худро беҳтар ҳис мекунад, хабар медиҳанд расонаҳо.

Ёвари вай Гай Осирӣ пештар дар бораи сиҳатии Мадонна хабар дода буд. Осирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки овозхон сафари ҳунарии худро бекор кардааст, зеро 24 июн вай бо уфунати шадид дар бемористон бистарӣ шуд. Осирӣ гуфт, дар бораи шуруи сафари ҳунарии овозхон дертар хабар хоҳанд дод.

Ба навиштаи хабаргузории Page Six, Мадоннаро рӯзи шанбе беҳуш пайдо ва ба бемористони Ню-Йорк интиқол додаанд.

Сафари ҳунарии Мадонна, ки ба 40-солагии шуруи овозхониаш бахшида шуда буд, мебоист 15 июл дар Ванкувер оғоз шавад. Ин барнома аз 84 барномаи ҳунарӣ иборат буд ва мебоист дар 35 шаҳри Канада, ИМА ва Аврупо баргузор шавад. Қарор буд, ин сафар моҳи январи соли 2024 ба поён расад.

XS
SM
MD
LG