Ссылки доступа

Писари роҳбари пешини Доғистон барои қатли донишҷӯи қазоқистонӣ 13 сол зиндонӣ шуд


Муртузалӣ Маҷидов, писари раиси пешини ҳукумати Доғистонро барои қатли Томирис Байсафӣ, донишҷӯи қазоқистонии донишгоҳи МГИМО-и Русия 13 сол зиндонӣ карданд. Ҳукми зиндонро Додгоҳи ноҳияи Измайлови Москва содир кард.

Байсафии 21-сола баҳори соли 2018 аз ошёнаи чаҳоруми бинои донишгоҳ ба замин афтода, баъди чанд рӯзи бистарӣ дар бемористон фавтид. Он замон бо моддаи "Расонидан ба ҳадди худкушӣ" парванда боз шуд, аммо дертар ӯро ба моддаи "Куштор" табдил карданд. Яке аз донишҷӯён гуфт, Байсафиро аз равзана тела додаанд. Муртузалӣ Маҷидов ҳамдарсӣ Байсафӣ буд. Бино ба нақли донишҷӯён, миёни Маҷидов ва Байсафӣ робитаҳо ошиқона мавҷуд буд.

Мухтор Маҷидов - падари Муртузалӣ Маҷидов аз моҳи январ то июли соли 2013 раиси ҳукумати Доғистон буд.

XS
SM
MD
LG