Ссылки доступа

"Meta" шабакаи монанд ба "Твиттер"-ро таъсис дод


Threads
Threads

Ширкати амрикоии "Meta" шабакаи нави иҷтимоии монанд ба "Twitter"-ро бо номи "Threads" таъсис додааст.

Ба гуфтаи мудири кулли "Meta" Марк Сукерберг, дар давоми соатҳои аввали фаъолияти шабака беш аз 5 миллион корбар дар "Threads" сабтимном шудааст.

Корбароне, ки мехоҳанд вориди "Threads" шаванд, бояд дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифа дошта бошанд.

Дар "Threads", шумо метавонед паёмҳоеро ба дарозии то 500 аломат нависед ва видеоҳои панҷдақиқаиро ҷойгир кунед.

Ҳоло ин барнома дар фурӯшгоҳҳои онлайнии "Apple" ва "Google" дар садҳо кишвар, аз ҷумла Русия тавассути филтиршиканҳо дастрас аст. Дар Иттиҳоди Аврупо ба далели маҳдудиятҳои қонунӣ дар ҳоли ҳозир насби он номумкин аст.

XS
SM
MD
LG