Ссылки доступа

Ҷойи кори муҳоҷиронро дар вилояти Маскав ба дигарон медиҳанд


Маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад. Ин навбат мақомоти вилояти Маскав эълон карданд, ки аз соли 2025 муҳоҷирони соҳиби патентро ба муассисаҳои тандурустиву маориф, варзишӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ ба кор намегиранд.

Дар бораи қабули чунин қарор хабаргузории давлатии “ТАСС”-и Русия рӯзи 17-уми сентябр иттилоъ дод. Дар хабар омадааст, ки муҳоҷирон аз ҳаққи фурӯхтани машрубот, тамоку, савдои сари кӯча ва хидматрасонии иҷтимоӣ маҳрум карда мешаванд.

Қарори мазкурро муовини раиси ҳукумати вилояти Маскав Наталя Масленкина дар ҷаласае шарҳ дод. Ба гуфтаи вай, дар се соли охир дар минтақа шикояти сокионон аз муҳоҷирон бештар шудааст.

Масленкина гуфт, вилояти Маскав мехоҳад ба 22 минтақаи Русия бипайвандад, ки корро бар асоси патент комилан манъ кардаанд: "Дар ин ин ҷо аз ҳама муҳим хуб донистани забон аст, чунки бо аҳолӣ сарукор мегиранд. Илова бар ин, чораи мазкур то ҳадди аксар аз муноқишаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад. Дар сурати маҳдудият иваз кардани 5 ҳазору 600 ҳазор муҳоҷири соҳиби патент зарур мешавад. Ҷойи онҳоро ҳамватанони мо ва шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони иқтисодии Авруосиё гирифта метавонанд.”

Кирилл Карасев, сардори Сарраёсати амнияти минтақаӣ дар Маскав, гуфтааст, акнун корфармоён метавонанд қонунӣ ё ғайриқонуни будани ҳузури муҳоҷиронро дар Русия ба таври мустақилона бисанҷанд.

Муҳоҷироне, ки талаботи вобаста ба патентро вайрон мекунанд, аз 45 то 50 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд. Карасев гуфтааст, аз моҳи июли имсол 153 муҳоҷирро ба ҷавобгарӣ кашида, 92 корфарморо ҷарима бастанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бо вуҷуди эҳтиёҷи сахти Русия ба нерӯи муҳоҷирон, дар ин кишвар мақомот умдатан барои дур кардани афкори умум аз мушкилоти афзояндаи дохилӣ масъалаи коргарони хориҷиро доман мезананд.

XS
SM
MD
LG