Ссылки доступа

Таблиғи хидмат дар сафи неруҳои Русия бо забонҳои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ


Очередь в миграционный центр "Сахарово", архив
Очередь в миграционный центр "Сахарово", архив

Дар нақлиёти ҷамъиятии Москва бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва узбекӣ дар бораи хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Русия таблиғот насб карданд.

Дар ин таблиғот ба муҳоҷирони меҳнатӣ ваъда шудааст, ки дар ивази хидмат дар сафи неруҳо шаҳрвандии Русияро дарёфт хоҳанд кард.

Дар маркази матбуотии "Мосгортранс" - ё нақлиёти шаҳрии Москва - ба расонаҳо гуфтанд, таблиғот давоми ду моҳ дар нақлиёти ҷамъиятии маркази "Сахорово" - ҷое, ки муҳоҷирон иҷозатномаи кор ё "патент" дарёфт мекунанд - насб шудааст.

Тирамоҳи соли ҷорӣ Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, дар ивази як соли хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Русия шаҳрвандии он кишварро дарёфт кунанд. Ин қонун баъди он қабул шуд, ки Русия дар ҷанги зидди Украина талафоти зиёди низомӣ дод.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳрвандонашон даъват карданд, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок наварзанд.

XS
SM
MD
LG