Ссылки доступа

Рӯзноманигори дар Чеченистон латукӯбшудаи "Новая газета" Елена Милашина аз бемористон рухсат шуд (видео)


"Это было откровенное нападение". В Чечне избили журналистку Милашину и адвоката Немова: все, что об этом известно

Елена Милашина, рӯзноманигори "Новая газета"-и Русия, ки дар Чеченистон ҳамроҳ бо вакили дифоъ Александр Немов аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос латту кӯб шуд, аз бемористон рухсат ёфтааст. Дар ин бора рӯзноманигор Алексей Венедиктов хабар дод.

Ба гуфтаи Венедиктов, Милашина таҳти назорати пизишкон хоҳад буд.

Милашина баъди латту кӯб дар бемористони Маскав аз ташхис гузашт.

Табибон муайян кардаанд, ки устухони мағзи сари Милашина осеб дидааст ва чанд ҷои дастонаш шикастааст.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи тафтишотии Чеченистон хабар додааст, ки дар робита ба латукӯби рӯзноманигори "Новая газета" ва вакили дифоъ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Парванда бар асоси банди "расонидани зарари сабук ва миёна ба саломатӣ" боз карда шудааст.

Елена Милашина ва Александр Немовро 4 июл дар Чеченистон латукӯб кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, шахсони ношиноси ниқобпӯш мошини таксии рӯзноманигор ва вакили дифоъро дар роҳ, ки аз фурудгоҳи шаҳри Грозний мерафтанд, боз дошта, онҳоро латтукӯб кардаанд.

Милашина ва Немов барои иштирок дар эъломи ҳукми Зарема Мусоева, ки моҳи январи соли 2022 аз ҷониби пулиси Чеченистон дар Нижний Новгород рабуда шуда буд, ба Грозний сафар карда буданд.

XS
SM
MD
LG