Ссылки доступа

Амрико чанд ширкати дигари Русияро таҳрим кард


Вазорати молияи Амрико рӯйхати таҳримшудаҳо дар робита ба Русияро афзоиш дод. Ин бор зидди 100 ширкат ва 70 каси дигар таҳрим ҷорӣ шудааст.

Дар миёни шахсони ҳуқуқии Русия, ки мавриди таҳримҳои нав қарор гирифтанд, номи корхонаҳои мошинсозии "АвтоВАЗ", "Москвич", истеҳсолкунандаи муҳаррикҳои авиатсионӣ ва баҳрии Рибинск, "NPO Saturn", "Союз"-и Маскав, бонки "Ак Барс" ва "Cinco-Bank" низ гирифта шудааст.

Лоиҳакаши калони "Союз" Мкртич Окроян ҳамроҳи хонаводааш ва мушовири президенти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ Виталий Перфилев ҳам ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил шудаанд. Перфилев дар фаъолияти ширкати муздурии "Вагнер"-и Русия дар Африқо нақши калидӣ мебозад.

Амрико бар зидди ширкатҳои финландии "Luminor" ва "Siberica", чандин ширкат аз Туркия, АМА ва Словения ҳам таҳрим эълом кардааст.

XS
SM
MD
LG