Ссылки доступа

Дар Қазоқистон маоши ҳадди ақал беш аз $270 мешавад


Мақомоти Қазоқистон ба тасвиби Конвенсияи таъйини маоши ҳадди ақал омодагӣ мебинанд ва лоиҳаи қонун дар ин бора аллакай ба баррасии ом пешниҳод шудааст.

Дар сурати тасвиб, маоши ҳадди ақал дар Қазоқистон на бар асоси ҳадди ақали зиндагӣ, балки бар пояи маоши миёна ҳисоб хоҳад шуд, ки тақрибан беш аз 270 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Соли 2024 дар таърихи Қазоқистон нахустин соле хоҳад шуд, ки маоши ҳадди ақал ду бор боло бурда мешавад. Мақомоти қазоқ моҳи январи имсол ҳаҷми маоши ҳадди ақалро аз 70 ҳазор то ба 85 ҳазор танга (ҳудуди $158-170) зиёд карда буданд.

Бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, маоши ҳадди ақал бояд 50 дарсади маоши миёнаро ташкил диҳад ва маоши миёна дар Қазоқистон ҳудуди 548 доллар аст.

XS
SM
MD
LG