Ссылки доступа

Вазорати мудофиаи Русия ҷалби 400 ҳазор низомии шартномавиро шуруъ мекунад


Шуруъ аз 1 апрел марҳилаи нави ҷалби низомиҳои шартномавӣ ба артиши Русия шуруъ мешавад. Барои ин кор вазорати мудофиаи он кишвар ба минтақаҳои Русия дастур ирсол кардааст.

Иттилоъ дар бораи ҷалби 400 ҳазор низомии шартномавиро дар Русия якбора чанд расонаи он кишвар нашр кард.

Ҳамзамон расонаҳо хабар доданд, ки рӯзи сешанбеи 14 март дар вилояти Воронежи Русия ба сокинон даъватномаи ҳозир шудан ба мақомоти низомиро додаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, тақсими даъватномаҳо "танҳо ба хотири ҷамъоварии маълумоти низомӣ аст".

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кремл Дмитрий Песков мисли пешин гуфт, ҳеч нақшае барои мавҷи нави басечсозӣ ё "мобилизатсия" мавҷуд нест. "Дар Кремл чунин баррасиҳо сурат намегиранд", - гуфт Песков.

Ба иттилои расмӣ, шуруъ аз моҳи сентябри соли 2022 дар Русия бештар аз 330 касро ба хидмати низомӣ сафарбар кардаанд.

XS
SM
MD
LG