Ссылки доступа

Москва ҳалокати 63 низомии русро дар Макеевка тасдиқ кард


Вазорати дифои Русия тасдиқ кард, ки неруҳои мусаллаҳи Украина шаби 1 январ ба як хобгоҳи сарбозон дар наздикии шаҳри Макеевкаи Донетск ҳамлаи мушакӣ анҷом додаанд. Ба иттилои вазорат, дар натиҷаи зарбаи мушакҳои "HIMARS" 63 сарбози рус кушта шудааст.

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина низ ҳамла ба Макеевкаро тасдиқ кард.

Қаблан расонаҳо наздик ба Кремл шумори кушташудаҳоро "садҳо нафар" номида буданд. Ба навиштаи саҳифаи наздик ба Кремл дар Телеграм, дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои Украина ба як хобгоҳи сарбозон дар наздикии шаҳри Макеевкаи Донетск садҳо нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, нерӯҳои иловагии Русия дар бинои як омӯзишгоҳ меистоданд.

Изҳори назари русҳо ва хашму ҳайрати онҳо аз ин ҳодиса ва шикасти ошкори артиши Русия дар муҳофизат аз ин омӯзишгоҳ, ки дар он гуё басеҷшудаҳо ҷамъ шуда буданд, нишон медиҳад, ки ҳатто гурӯҳҳои тарафдори Кремлин дар Телеграм ба ин нокомӣ эътироф мекунанд.

Хадамоти робитаҳои стратегии артиши Украина рӯзи 1-уми январ дар Телеграм гуфт, ҳамла ба омӯзишгоҳи рақами 19 дар шаҳри Макеевкаи Донетск "ҳудуди 400 навсарбоз"-и Русия ба ҳалокат расиданд

Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, дар ин ҳамла 300 нафар аз нерӯҳои рус дар Макеевка ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG