Ссылки доступа

Сафарбарсозии низомӣ дар Русия ба поён расид


Иллюстративная фотография

Русия рӯзи ҷумъа эълон кард, ки даъвати сарбозони эҳтиётӣ ба артиш барои ҷанг дар Украина ба поён расид. Дар муддати камтар аз ду моҳ садҳо ҳазор нафарро ба артиш ҷалб карданд ва сеяки онҳоро ҳам ба ҷанг фиристодаанд.

Сафарбарии баҳсбарангез ва нахустин пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум сабаби фирори даҳҳо ҳазор марду ҷавони рус аз кишвар шуд ва норозигиву эътирози мардумро барангехт.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин фармони сафарбариро моҳи сентябр ва баъд аз шикастҳои пайдарҳами нерӯҳои кишвараш имзо кард.

"Сафарбарии шаҳрвандон ба артишро ба поён расондем. Фиристодани даъватномаҳо тамом шуд. Фармони Шумо барои ҷалби 300 ҳазор нафар иҷро шуд. Вазифаҳои иловагии дигаре пешбинӣ нашудааст," – гуфт вазири дифои Русия Сергей Шойгу.

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, шубҳа дорад, сафарбарӣ ба ҷанг поён ёфтааст.

Ӯ афзуд: "Мо аз ҷабҳа тасвири комилан дигар мегирем. Русия саъй дорад, бо истифода аз навсарбозони ноомода ва дуруст таъминношуда ва бо амрҳои бераҳмонаи фармондеҳонашон ба мавзеъҳои мо фишор биёрад. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки Русия ба зудӣ ба сарбозони иловагӣ дар ҷанг эҳтиёҷ пайдо мекунад. Мо ба ин омода мешавем."

Дар ҷабҳа нерӯҳои украинӣ пешравӣ мекунанд. Онҳо аз ҷумла ба самти Херсон, як шаҳри бузург дар ҷануби Украина ҳаракат доранд, ки Русия моҳи март ишғол кард. Аммо ҳаракат дар чанд рӯзи гузашта ба гуфтаи мақомоти украинӣ ба сабаби ҳавои бад ва маконҳои душворгузар суст шудааст.

Рӯзи ҷумъа байни онҳо ва нерӯҳои Русия дар шимоли Херсон набарди сахте сурат гирифт. Як сарбозе, ки худашро Вадим муаррифӣ кард, мегӯяд: “Оташборон ҳар рӯз пайваста ва шабу рӯз идома дорад. Бо тӯпхона ва ҳатто бомбҳои хӯшаӣ.”

Ҳамлаҳои Русия ба Украина ҳафтаҳои гузашта бо мушакҳову паҳподҳои сохти эрон ва ба иншооти ғайринизомӣ зиёдтар шуд. Миллионҳо нафар бе нерӯи барқ монданд.

Ба гуфтаи Киев, ҳадафи ҳамлаҳо дар сармо нигаҳ доштани украиниҳо дар зимистон ва ҷинояти ҷангӣ аст. Маскав ҷангро дар Украина “амалиёти махсуси низомӣ” номида, гуфтааст, зарбаҳо ҷавоб ба ҳамлаҳои Украина аз ҷумла таркиш дар пули иртиботӣ ба Қрим аст.

Аз дигар тараф Амрико эълон кард, ба арзиши 275 миллион доллари дигар, ба Украина аслиҳа ва таҷҳизоту абзори низомӣ мефиристад. Бо ин кумак ёриҳои Амрико ба Украина ба бештар аз 18 миллиарду 500 миллион доллар расид.

XS
SM
MD
LG