Ссылки доступа

Русия гуфт, мушовирони бритониёӣ дар Украинаро ҳадаф қарор медиҳад, агар...


Москва таҳдид кард, ки агар Украина дар натиҷаи ҳангомаҳои "марказҳои қабули қарор дар Киев" ба иншоотҳои Русия зарба занад, онҳоро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ин ҳушдор дар вокуниши Вазорати дифои Русия ба муовини вазири дифои Бритониё Ҷеймс Хиппӣ садо додааст, ки гуфта буд, эҳтимол аст, Украина бо истифода аз аслиҳаи кишварҳои ғарбӣ ба иншоотҳои низомии Русия зарба занад.

Ба назари Хиппӣ, Киев чунин зарбаҳоро бо мақсади халалдор кардани занҷираи таъминоти Русия, ки бевосита ба куштор ва хунрезӣ дар хоки Украина мусоидат мекунад, анҷом хоҳад дод. Ӯ афзуд, ки ҳадафи зарбаҳоро худи украиниҳо интихоб мекунанд, на истеҳсолгарони силоҳҳо.

Вазорати дифои Русия суханҳои муовини вазири дифои Бритониёро ҳангома номида, таҳдид кард, ки агар Киев ба чунин иқдоме даст бизанад, ҳатман посух хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG