Вакилони дифои ӯ ба расонаҳо гуфтаанд, Бакалчук дар "куштор, сӯиқасд ба ҷони маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ва худсарӣ" муттаҳам мешавад.
Тирпаронӣ 18 сентябр дар назди коргоҳи фуруӯшгоҳ дар маркази шаҳри Маскав рух додааст. Дар натиҷаи он 2 нафар кушта ва 7 кас, аз ҷумла ду маъмури пулис, захмӣ шуданд
Кумитаи тафтишоти Русия эълон кард, ки таҳқиқи парванда бо нишонаҳои "куштор, суиқасд, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва ҳамла ба корманди ҳифзи ҳуқуқ" оғоз шудааст.
Сухангӯйи Wildberries гуфт, Владислав Бакалчук, шавҳари муассис ва раиси ширкат Татяна Бакалчук, ҳамроҳи чанд нафар талош карданд, “ғайриқонунӣ вориди бино шаванд”.
Дар изҳороти ширкат омадааст, ки дар лаҳзаи тирпаронӣ чанд нафар талош кардаанд, дафтари дигари Wildberries-ро дар Маскав ғасб кунанд.
Владислав Бакалчук тирандозиро “иғвоангезӣ” номид ва гуфт, ба дафтар барои музокира дар масъалаи қатъи сохтмони нави анборҳо омада буд.
Ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки раиси Wildberries, Татяна Бакалчук, дар марҳилаи ҷудошавӣ аз ҳамсараш қарор дорад. Эҳтимол як сабаби сар задани муноқиша ба тақсими амвол байни зану шавҳар марбут аст.