Ссылки доступа

Додгоҳе дар Минск рақиби пешини президенти Белорусро ғоибона 15 сол зиндонӣ кард


Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Додгоҳе дар шаҳри Мински Белорус Светлана Тихановская, яке аз роҳбарони мухолифини он кишвар ва рақиби пешини президент Александр Лукашенкоро ғоибона 15 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ ҳамчунин ӯро 11,7 ҳазор доллар ҷарима баст.

Дар доираи парвандаи Тихановская вазири пешини Белорус Павел Латушко 18 сол ва се айбдоршавандаи дигар - Мария Мороз, Олга Ковалкова ва Сергей Дилевский 12-солӣ зиндонӣ шуданд. Ҳамаи онҳо низ мисли Тихановская дар хориҷ аз Белорус ҳастанд.

Додгоҳ онҳоро дар тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат, ташкили созмони тундгароёна, даъват ба ғасби ҳокимият ва ангехтани бадбинии иҷтимоӣ айбдор кард.

Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки Тихановская ва афроди дигари зикршуда узви он буданд, моҳи августи соли 2020 ташкил шуда буд. Ин шӯроро баъди интихоботи президентии он сол зидди режими Александр Лукашенко таъсис доданд.

Дар интихоботи моҳи августи соли 2020 Комисияи марказии интихоботии Белорус Лукашенкоро пирӯз эълом кард. Нозирони мустақил аз қонуншиканиҳои зиёд хабар дода буданд. Бисёре аз рақибони Лукашенко бовар доранд, ки дар он интихобот Светлана Тихановская пирӯз шуда буд, аммо режими Лукашенко натиҷаҳои интихоботро тақаллуб кард.

Баъди интихобот дар Белорус эътирозҳои мардумӣ ташкил шуд. Режими Лукашенко он эътирозҳоро саркӯб кард. Ба иттилои мақомоти Белорус, аз моҳи август то октябри соли 2020 бештар аз 13 ҳазор кас боздошт шудааст. СММ гуфт, мақомоти Белорус боздоштшудаҳоро шиканҷа ва таҷовуз кардаанд.

Таҳти фишори мақомоти қудратии Белорус бисёре аз мухолифон маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG