Радиои "Общественной" бо истинод ба Вазорати тандурустии Арманистон иттилоъ дода, ки 85 нафар баъди расонидани кумаки аввалияи тиббӣ мураххас шудаанд. Боқии осебдидаҳо дар бемористон бистарӣ мебошанд.
Канали телеграмии "Armenia Today" бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Арманистон хабар дода, ки дар натиҷаи эътирозҳо 18 корманди пулис захмӣ шудааст.
Эътирозҳо дар Арманистон чанд ҳафта мешавад идома доранд. Ҳазорҳо нафар рӯзи 12 июн ба нишони эътироз бори дигар дар назди бинои порлумони ин кишвар ҷамъ шуданд.
Таҷаммуъгарон бо раванди таъйину нишонагузории марзи Арманистон бо Озарбойҷон розӣ нестанд ва истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд.