Ссылки доступа

Заминларзаи нав дар Туркия ва Сурия: Чанд кас ҷон бохтааст


Дар ҷануби Туркия, дар наздикии марз бо Сурия рӯзи душанбе ду заминларзаи нави 6,4 ва 5,8- дараҷаӣ (бал) рух додааст.

Маркази заминларза наздикии шаҳри Антакия, маркази маъмурии вилояти Ҳатайи Туркия гуфта мешавад.

Дар натиҷаи заминларзаҳои нав чаҳор кас дар Сурия ва се нафар дар Туркия ҷон бохтааст. Ҳамчунин дар ду кишвар дасти кам, 800 кас захмӣ шудааст.

Заминларзаи нав боиси қатъи барқ ва фурӯрезии чандин баландошёнаи зист дар вилоят гаштааст. Мақомоти турк мегӯянд, эҳтимоли зери харобаҳо мондани одамон вуҷуд дорад. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Заминларза ҳамчунин дар Сурия, Миср, Лубнон ва Урдун низ эҳсос шудааст.

XS
SM
MD
LG