Қатораи раҳбари Куриёи Шимолӣ дар наздикии бинои Маҷмааи ҷамъоварӣ ва озмоиши мушакбар боз истодааст ва Путин Ким Чен Инро пешвоз гирифтааст.
Раҳбарони ду кишвар пеш аз оғози гуфтугӯ бо рафти ҷамъоварии мушакбари "Ангара" дар космодром шинос шудаанд.
Раисҷумҳури Русия гуфтааст, Ким Чен Ин ба техникаҳои марбут ба мушак ва кайҳон таваҷҷуҳи бештар дорад ва бинобар ин, маҳалли гуфтугӯро дар космодром таъйин кардаанд.
"New York Times" менависад, ки президенти Куриёи Шимолӣ мехоҳад, аз Путин фанновариҳои кайҳонӣ ва кумаки ғизоӣ дарёфт кунад.