Ссылки доступа

Задухӯрди марзбонони мисрӣ бо неруҳои Исроил


Дар натиҷаи тирпаронӣ дар гузаргоҳи "Рафаҳ" дар марзи Миср бо навори Ғазза як сарбози мисрӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудааст.

Тирпаронӣ миёни марзбонони Миср ва неруҳои Исроил сурат гирифтааст. Низомиёни Исроил гуфтаанд, талафоти ҷонӣ надоранд.

Қоҳира дар ин ҳодиса Телавивро гунаҳкор кард. Мақомоти Миср гуфтанд, тирпарониро нахуст исроилиҳо оғоз карданд. Телавив дар навбати худ мегӯяд, марзбонони мисрӣ ба самти мошине, ки сарбозони исроилиро интиқол медод, оташ кушоданд.

Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки Қоҳира ва Телавив намехоҳанд буҳроне пеш ояд ва ҳодисаро бо ҳам таҳқиқ мекунанд.

Артиши Исроил ибтидои моҳи равон дар пайи як амалиёт зидди гуруҳи "Ҳамос", ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълом шудааст, гузаргоҳи марзии "Рафаҳ"-ро аз ҷониби навори Ғазза тасарруф кард.

XS
SM
MD
LG