Ссылки доступа

Сӯхтор дар яке аз платформаҳои нафти Туркманистон дар Хазар


Дар натиҷаи сӯхтор дар яке аз платформаҳои нафти Туркманистон дар обҳои баҳри Хазар 15 июл даҳҳо кас осеб дидааст.

Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба сокинони шаҳри Туркманбошии Туркманистон ва кормандони кон иттилоъ додааст.

Сокинони Туркманбошӣ гуфтаанд, шаби 15 ба 16 июл дар баҳри Хазар алангаи бузурги оташеро мушоҳида карданд, ки тақрибан се соат идома кард.

Ин хабарро бахши туркмании Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш дар ихтиёр дошт, вале ба далели пайдо карда натавонистани тасдиқи он тавассути манбаъҳои дигари мустақил аз нашри он худдорӣ варзид.

Бино ба хабарҳо, платформаи нафт ба ширкати "Dragon Oil", ки дар АМА сабтином шудааст, тааллуқ дорад. Чандин корманди ширкат сар задани сӯхторро тасдиқ ва баъзе аз ҷузъиётро ифшо карданд. Ба гуфтаи онҳо, аз 38 корманд 25 кас осеб дида, чанд тан ҷон бохтааст.

Кормандони наҷот танҳо баъд аз 2 соат тавонистаанд ба маҳалли ҳодиса расанд. Ширкат ба хонаводаи кормандони фавтида ҷуброн пардохта, барои табобати захмиён аз хориҷ табиб даъват кардааст.

Расонаҳои расмии Туркманистон то ҳол дар ин бора иттилое надодаанд.

XS
SM
MD
LG