Хабаргузории "Новости Армении" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Арманистон иттилоъ дода, ки боздоштшудаҳо ба иҷро накардани талаби қонунии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳам мешаванд.
Тазоҳургарон, ки зидди сарвазири Арманистон Никол Пашинян шиор мепартофтанд, талош доштанд, то кӯчаҳои шаҳрро банданд. Ба иттилои "Новости Армении", рӯзноманигорони "24 News" ва "ABC Media" дар натиҷаи бархӯрди пулис бо тазоҳургарон осеб дидаанд.
Ереван ва Боку дар мавриди протоколе, ки рӯзи 19 апрел имзо шуда буд, пешакӣ ба мувофиқа расиданд. Бар асоси он, Арманистон назорати чаҳор деҳаи аз соли 1990 дар зери назорати Ереван бударо дар ихтиёри Озарбойҷон вогузор мекунад. Пашинян гуфт, гузаштҳои якҷониба барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи низомии Озарбойҷон алайҳи Арманистон зарур аст.
Раҳпаймоии рӯзи 9-уми май таҳти сарварии Галстанян даҳҳо ҳазор нафарро гирдиҳам овард ва баъди ин эътирозҳо идома пайдо кард.
Вакилони мухолиф ваъда доданд, ки мавзӯи эълони адами боварӣ ба Пашинянро дар парлумон матраҳ мекунанд.