Ссылки доступа

Дар Тайван даҳҳо пасларзаи заминҷунбӣ рух дод, бештар аз 1000 кас маҷруҳ шуд


Один из нескольких сильно наклонившихся при землетрясении домов в городе Хуалянь, 3 апреля 2024
Один из нескольких сильно наклонившихся при землетрясении домов в городе Хуалянь, 3 апреля 2024

Наҷотдиҳандагон дар Тайван даҳҳо сокинро аз зери харобаҳо берун оварданд. На камтар аз 9 кас кушта, бештар аз 1000 тан маҷруҳ шудааст.

Хабаргузории Reuters навишт, ки 50 коргар бенишон шудааст. Онҳо савори автобус сӯи боғи миллӣ равона буданд.

Заминларза дар тамоми қаламрави Тайван эҳсос шудааст. Дар рӯзҳои оянда заминларзаи 7 дараҷаии дигарро интизор доранд.

Мақомоти Тайван гуфтанд, 71 нақбкан дар ду нақб дар мондаанд.

Дар пайи ин заминларзаҳо дар роҳҳои қатора ва метро 3 садама рух додааст. Дар маҷмуъ 125 бино зарар дида, бештар аз 90 ҳазор хонавода бе барқ мондааст.

XS
SM
MD
LG