Ба иттилои оҷонсҳои гуногуни сейсмологӣ, иқтидори заминларза аз 7,2 то 7,7 дараҷаро ташкил додааст.
Бино ба охирин маълумоти расмӣ, дар натиҷаи заминларза 7 кас кушта ва беш аз 700 тани дигар захмӣ шудааст. Наҷотдиҳандагон мегӯянд, 77 нафар дар зери харобаҳо мондаанд.
Заминларза дар шарқи ҷазира, дар наздикии шаҳри Ҳуалян ба қайд гирифта шудааст. Шабакаҳои телевизионӣ наворҳои биноҳои хароб ва лағзишҳои азими замин дар пайи заминларзаро намоиш доданд.
Дар метрои Тайбей, воқеъ дар шимоли ҷазира низ заминларзаи шадид эҳсос шудааст. Фаъолияти метро ба муддати кутоҳ қатъ шуда, аммо ба зудӣ дар бештари масирҳо дубора барқарор гаштааст.
Бино ба гузоришҳо, заминларзаро дар ҷанубу шарқи Чин ҳам эҳсос кардаанд.