Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ дар Бошқирдистон, чанд кас боздошт шуд


Сторонница Алсынова, которую впоследствии задержали
Сторонница Алсынова, которую впоследствии задержали

Дар майдони марказии шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия субҳи 19 январ теъдоде аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Нашрияи SotaVision менависад, теъдоди гирдиҳамомадагон ба 1,5 ҳазор мерасид.

Инҳо асосан тарафдорони фаъоли маҳаллӣ Фаил Алсинов буданд, ки ахиран 4 сол зиндонӣ шуд. Дар рӯзи эълони ҳукми Алсинов низ гирдиҳамоӣ ташкил ва бо пулис занозанӣ сурат гирифт.

Сокиноне, ки имрӯз дар майдони марказии Уфа ҷамъ шуданд, сурудхонӣ карданд.

Неруҳои махсуси пулис чанд кас, аз ҷумла духтареро боздошт кард, ки дар даст шиоре бо суханони Алсиновро дошт.

Ҷамъшудаҳо талош карданд, ба мошини пулис иҷозат надиҳанд, ки боздоштшудаҳоро ба идора барад. Дар натиҷа байни гирдиҳамомадагон ва пулис занозанӣ рух дод.

Додгоҳе дар Бошқирдистони Русия рӯзи 17 январ Фаил Алсинов - фаъоли ҷамъиятиро чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай дар барангехтани бадбинӣ ё душманӣ айбдор шуд.

Дар рӯзи эъломи ҳукм чанд ҳазор кас кушти дари додгоҳ ҷамъ шуданд. Онҳо шиорҳои "Озодӣ!" ва "Фаил, мо бо туем!" сар доданд. Пулис бо калтаки резинӣ ва сипар ҷамъшудаҳоро пароканда кард. Дар натиҷа занозанӣ рух дод. Пулис аз норинҷаки дудкунанда истифода бурд. Шоҳидон мегӯянд, ҳадди ақал панҷ тан аз ҷамъшудаҳо боздошт шудааст.

Дар наздикии додгоҳи ноҳияи Баймаки Бошқирдистон, ки баррасии парвандаи Алсинов онҷо ҷараён дошт, рӯзҳои охир ҳазорон кас ҷамъ мешуд. Онҳо озодии Алсиновро талаб мекарданд.

Шоми рӯзи сешанбе пулис сокинонро ҳушдор дод, ки иштирок дар гирдиҳамоӣ ҷавобгарӣ дорад. Чанд фаъолро баъди ин ҳушдор боздошт шуд.

Нисбати Фаил Алсинов бо дархости роҳбари Бошқирдистон Радий Хабиров парванда боз карданд.

Тафтишот мегӯяд, Алсинов дар як суханрониаш дар таърихи 28 апрели соли 2023 дар ноҳияи Баймак шаъну шарафи "сокинон Қафқоз", "Осиёи Марказӣ" ва "арманиҳо"-ро паст задааст. Алсинов ин айбро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG