Ссылки доступа

Дар саросари Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шуд


Дар тамоми қаламрави Украина субҳи панҷшанбе бонги хатари ҳавоӣ зада шуд. Мақомоти Украина аз ҳамлаи нави мушакии Русия дар пайи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини дишаб хабар медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, дар вилоятҳои Днепропетровск, Киев ва ҳамчунин дар наздикии Одесса ва вилояти Виннитса таркишҳо рух додааст. Эҳтимоли осеб дидани иншооти энергетикӣ вуҷуд дорад. Дар чандин вилояти Украина ба далели таҳдиди ҳамлаи мушакӣ неруи барқ қатъ карда шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки эҳтимол дорад, неруҳои Русия аз минтақаи баҳри Хазар мушакҳои болдор партоб карда бошанд.

Вазорати дифои Русия то ҳол ҳамлаҳои нави мушакиро шарҳ надодааст.

Русия бори охир 14 январ қаламрави Украинаро мушакборон карда буд. Яке аз мушакҳо он замон ба бинои зисте афтод ва дар натиҷа 40 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG