Ссылки доступа

Дар интихоботи шаҳрдорҳои Истамбул ва Анқара мухолифон пешсафанд


Эркем Имомоғлу
Эркем Имомоғлу

Дар интихоботи шаҳрдори Истамбули Туркия номзади мухолифон ва шаҳрдори кунунӣ Экрем Имомоғлу пешсаф аст. Дар ин бора расонаҳои Туркия бо истинод ба як қисми натиҷаҳои пешакии интихобот хабар доданд.

Экрем Имомоғлу дар пайи ҳисоби беш аз 60 дарсади овозҳо ҳудуди 50% ва рақиби ӯ аз ҳизби ҳокими Туркия Мурод Курим наздик ба 41%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст хоҳанд овард.

Намояндаи Ҳизби мухолифи ҷумҳуриявии мардумии Туркия ва шаҳрдори кунунии Анқара Мансур Яваш низ дар интихоботи шаҳрдори пойтахти ин кишвар пешсаф аст.

Дар Туркия рӯзи якшанбеи гузашта интихоботи раисони шаҳрҳои баргузор шуд, ки нахустин рақобати нерӯҳои ин кишвар дар арафаи интихоботи президентии соли 2028 номида мешавад. Интизор меравад, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар ин интихобот иштирок накунад.

Яке аз номзадҳои неруманд дар интихоботи ояндаи президентии Туркия маҳз шаҳрдори Истамбул ба ҳисоб меравад ва худи Эрдуғон низ, ки дар гузашта шаҳрдори Истамбул буд, барои интихоб шудан ба ин мақом сахт мубориза бурда буд.

XS
SM
MD
LG