Ссылки доступа

Дар Канораи ғарбии Урдун артиши Исроил 4 фаластиниро куштааст


После уличных столкновений (архив, дата не указана)
После уличных столкновений (архив, дата не указана)

Намояндагони Фаластин гуфтанд, дар натиҷаи амалиёти артиши Исроил дар шаҳри Ҷенин дар Канораи ғарбии Урдун чаҳор фаластинӣ кушта шудааст.

Артиши Исроил гуфт, низомиҳо ду ҷангҷӯеро куштаанд, ки барои "фаъолиятҳои террористӣ" дар пайгард қарор доштанд. Ба иттилои артиши Исроил, як нафари дигар ҳам кушта шудааст, ки талоши ҳамла ба сарбози Исроилро дошт. Низомиҳои Исроил гуфтанд, миёни онҳо ва фаластиниҳо даргирӣ рух додааст.

Миёни кушташудаҳои фаластинӣ наврасӣ 16 сола низ ҳаст. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 20 фаластинии дигар маҷруҳ шудааст. Ба иттилои вазорати тандурустии Фаластин, миёни кушташудаҳо аъзои баландмақоми гуруҳҳои "Ҷиҳоди исломӣ" ва "Ҳамос" Нидал Хазем ва Юсуф Шрим будаанд.

Аз ибтидои соли ҷорӣ рӯёрӯӣ миёни фаластиниҳо ва неруҳои Исроил дар Канораи ғарбии Урдун афзудааст. Дар моҳҳои охир дар натиҷаи амалиёти артиши Исроил бештар аз 80 фаластинӣ ва дар натиҷаи ҳамлаи фаластиниҳо 13 исроилӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG