Ссылки доступа

НАСА ҳайати маъмурият ба наздикии Моҳро эълом кард


Церемония представления астронавтов миссии "Артемида 2", Хьюстон, США, 3 апреля 2023 года
Церемония представления астронавтов миссии "Артемида 2", Хьюстон, США, 3 апреля 2023 года

Оҷонсии кайҳоннавардии амрикоии НАСА номи чаҳор кайҳоннавардеро эълом кард, ки дар ҳайати маъмурияти "Артемида 2" шомил мешаванд. Ин ҳайат соли оянда ба наздикии Моҳтоб сафар мекунад.

Дар ҳайат амрикоиҳо Кристина Кук, Виктор Гловер, Рейд Уайзмен ва шаҳрванди Канада Ҷереми Хансен шомил ҳастанд.

Кайҳоннавардони мазкур нахустин одамоне хоҳанд буд, ки баъд аз 50 сол ба Моҳтоб наздик мешаванд. Онҳо ҳамчунин нахустин касоне хоҳанд буд, ки бо мушаки наси нав ва капсулаи кайҳонии "Орион" парвоз мекунанд. Ҳайат ба рӯи Моҳ намефарояд, балки Моҳтобро давр мезанад ва зарфияти "Орион"-ро месанҷад.

Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден аз хабари НАСА истиқбол кардааст. Ба гуфтаи вай, ирсоли ҳайат ба Моҳтоб ба насли нави кайҳоннавардон ангеза мебахшад.

Дар сурати муваффақона анҷом шудани "Артемида 2", ИМА ҳайатро соли 2025 ба Моҳтоб хоҳад фиристод.

XS
SM
MD
LG