Ссылки доступа

"Ҳодисаҳои январӣ" дар Атирау ба Горди миллии Қазоқистон $95 ҳазор зарар расондааст


Горди миллии Қазоқистон эълом кард, ки кормандони он дар натиҷаи бетартибиҳои моҳи январи имсол дар шаҳри Атирауи ин кишвар ба маблағи 95 ҳазор доллар зарар дидаанд.

Намояндаи қисми низомии "5546"-и Горди миллии Қазоқистон Асилхон Куанов дар додгоҳи Атирау гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои ба истилоҳ, "январӣ" таҷҳизоти муҳофизатии кормандони онҳо, аз қабили зиреҳи шахсӣ ва дастгоҳҳои иртиботӣ гум шуда, мошинҳои хидматӣ осеб дидаанд.

Ба гуфтаи Куанов, қисми низомии онҳо ҷамъан ба маблағи 44 миллион танга (95,5 ҳазор доллар) хисорот дидааст.

Додгоҳи вилоятии Атирау 27 декабр бозпурсии 115 ҷабрдидаро дар доираи парвандаи "бетартибиҳои оммавӣ" ба поён расонд. Дар доираи ин парванда 27 нафар дар курсии айбдорӣ менишинанд.

XS
SM
MD
LG