Ссылки доступа

Овозхони туркманистонӣ Назир Ҳабибовро барои нигаҳдории маводи мухаддир боздошт кардаанд


Дар Туркманистон бо гумони нигаҳдории маводи мухаддир овозхон Назир Ҳабибовро боздошт кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ӯро соли 2016 бо айби хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир зиндонӣ карда буданд ва вай 1,5 сол пеш озод шуд.

Ӯро ин бор 23 март дар марз бо Эрон боздошт кардаанд. Вай аз Эрон мехост, вориди Турманистон шавад.

"Ҳангоми гузаштан аз марз аз ӯ як миқдор маводи мухаддир пайдо кардаанд", - гуфт як манбаъ.

XS
SM
MD
LG