Ссылки доступа

Донишҷӯёни қазоқро иҷборан ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ мебаранд (видео)


Студентов вуза в Казахстане заставляют идти на избирательный участок на выборах президента
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:48 0:00

Донишҷӯёни Донишгоҳи Авруосиёи шаҳри Остонаи Қазоқистонро маҷбур мекунанд, ки дар интихоботи пешазмуҳлати президентии ин кишвар иштирок кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки нишон медиҳад омӯзгоре дар хобгоҳи Донишгоҳи Авруоисёи Остона аз донишҷӯён талаб мекунад, то рӯзи интихобот либоси "муносиб" пӯшида, ба нуқтаи раъйдиҳӣ раванд ва овоз диҳанд.

Ин зан аз донишҷӯён даъват намекунад, ки ба ҷонибдорӣ аз номзади муайян овоз диҳанд. Танҳо талаб мекунад, ба нуқтаи раъйдиҳӣ дар хобгоҳ ҳозир шуда, овоз диҳанд.

Дар Вазорати илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон гуфтанд, донишгоҳҳои он кишвар комилан мустақиланд ва бо ҳолатҳои пешомада бояд худ мубориза баранд. Омбудсмени донишҷӯ дар Қазоқистон Айсулу Ерниёзова мегӯяд, ин наворро бо маъмурияти донишгоҳ баррасӣ кардааст ва гӯё маъмурият "ташаббуси бархе аз кормандонаш"-ро напазируфтааст.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG