Ссылки доступа

Бритониё ширкати холдингии Алишер Усмоновро таҳрим кард


Лондон зидди ширкати холдингии "USM"-и соҳибкори узбектабор Алишер Усмонов, Оксана Марченко, ҳамсари сиёсатмадори украинӣ Виктор Медведчук, аъзои хонаводаи олигархҳои рус Владимир Евтушенков ва Сулаймон Керимов таҳрим ҷорӣ кардааст.

Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Бритониё, зидди "USM" ба далели молики он будани Алишер Усмонов таҳрим ҷорӣ гаштааст. Зеро тавре дар Лондон муайян карданд, Усмонов аз имтиёзҳои ҳукумати Русия "баҳравар" буда, онро дастгирӣ мекунад ва дар бахшҳои иқтисодӣ, ки барои мақомоти Русия стратегӣ ҳастанд, аз қабили саноати истихроҷ ва технологияҳои рақамӣ ба тиҷорат машғул аст.

Ҳамсари соҳибкори рус Владимир Евтушенков - Наталя Евтушенкова ҳамроҳи фарзандонаш Феликсу Татяна, Гулнора Керимова, духтари сенатор Сулаймон Керимов низ ба рӯйхати таҳримшудаҳои Бритониё шомил гаштаанд.

Бритониё баъди шуруи ҷанги Украина зидди зиёда аз ҳазор шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Русия таҳрим эълом кардааст. Ин маҳдудиятҳо ба президенти Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷии он кишвар Сергей Лавров ҳам дахл доранд.

XS
SM
MD
LG